Оиннома

 

Замима

ба фармоиши Вазорати молияи

Ҷумҳурии  Тоҷикистон

аз «____» ______ соли 2025, №___

 

 

ОИННОМАИ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

“ПАЖУҲИШГОҲИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТИИ МОЛИЯ”

 

1.     МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1.1. Оинномаи Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия”  (минбаъд – Оиннома) асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар асосҳои  фаъолияти Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия  (минбаъд - Пажуҳишгоҳ) - ро муайян менамояд.

1.2. Муассиси Пажуҳишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Мақоми идоракунӣ) ҳамчун мақоми идоракунандаи он мебошад.

1.3. Пажуҳишгоҳ  ҳамчун   ташкилоти низоми  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.

1.4. Номи пурраи расмии Пажуҳишгоҳ:

- ба забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия”;

- ба забони русӣ -   Государственное учреждение “Научно-исследовательский институт финансов”;

- бо забони англисӣ: State Agency Science-research institute of finance”.

1.5. Пажуҳишгоҳ дорои муҳр бо нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатию русӣ, бланк ва штампҳо мебошад. Коргузорӣ дар Пажуҳишгоҳ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

1.6. Суроғаи ҳуқуқии Пажуҳишгоҳ: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 35, Телефон: +992 (372) 278529, E – mail:    PIT_Finance@moliya.tj

 

2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ПАЖУҲИШГОҲ

 

      2.1. Пажуҳишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб     бо пули миллӣ ва хориҷӣ мебошад, инчунин дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ буда, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад карда метавонад.

2.2. Шакли ташкилию ҳуқуқии Пажуҳишгоҳ муассиса (муассисаи давлатӣ) мебошад.

2.3. Пажуҳишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳо ва қонунҳо, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

2.4.  Пажуҳишгоҳ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз лиҳози эҷодӣ ва хоҷагидорӣ мустақил мебошад.

2.5. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Пажуҳишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2.6. Пажуҳишгоҳ ба муҳлати номаҳдуди фаъолият таъсис дода мешавад.

2.7. Пажуҳишгоҳ аз рӯйи уҳдадориҳои худ бо маблағи пулии дар ихтиёраш буда ҷавобгарӣ дорад. Дар сурати нокифоя будани ин маблағ молики молу мулки Пажуҳишгоҳ аз рӯйи уҳдадориҳои он ҷавобгарии иловагӣ дорад.

 

3.  МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ПАЖУҲИШГОҲ

 

3.1. Мақсади асосии Пажуҳишгоҳ амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар самти молия буда, барои амалисозии мақсади зикршуда вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

-дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ таҳия намудани пешниҳодҳо барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ, сармоягузорӣ ва молияву иқтисод;

- тартиб додани дастурҳои корӣ ва соҳавӣ дар соҳаи молия, баҳисобгирӣ, таҳлилӣ, аудит, гумрук, иқтисод, хазинадорӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор;

 - иштирок дар тартибдиҳӣ ва татбиқи  стандартҳои миллии муҳосибот ва аудит тибқи стандартҳои байналмилалӣ;

- тибқи дархост таҳияи саволномаҳои аттестатсионӣ барои санҷиши савияи дониши кормандони соҳаи молия, бонк, хисобдорӣ ва дигар соҳаҳои ҳамҷавор;

- пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои он;

- тарҳрезӣ  ва гузаронидани конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, машваратҳо, мубоҳисаҳо оид ба масъалаҳои муҳими илмӣ;

-   нашри маводҳо ва маҷаллаи соҳавии илмию тадқиқотӣ;

- дарёфт ва ҷалби сарчашмаҳои молиявии маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ;

- дар асоси густариш додани робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии ҷумҳурӣ ва мамолики хориҷӣ таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои муштараки илмӣ – тадқиқотӣ ва омӯзишӣ;

- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илмию тадқиқотӣ бо созмонҳои байналмилалӣ;

- пешниҳоди машваратҳои илмӣ ва илмию методӣ ба муассисаҳо ва  ташкилотҳои буҷетӣ дар соҳаи молия, иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳамҷавор;

-  ба роҳ мондани  робита ба вазорату идораҳои дахлдор ва мусоидат намудан ба ҷамъоварии маълумотҳои расмӣ;

-  омӯзонидан ва пешниҳоди  маълумот дар самти рақамикунонӣ дар соҳаҳои алоҳида;

- ташкили махзани маълумот оид ба натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотии пажуҳишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии олии касбӣ дар самти молия, иқтисод ва бонкдорӣ;

- пешниҳоди машварат вобаста ба  таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии молияи давлатӣ ва равандҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисод;

-  таҳияи тавсияҳои илмию методӣ;

  - таҳияи дастурҳои корӣ ба кормандон ва мутахассисони  соҳаи молия ва  баҳисобгирӣ;

-    ташкили раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура дар риштаи иқтисод ва молия;

- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотии дурнамоӣ барои маблағгузории грантӣ ба мақомоти дахлдори соҳаи илм ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ;

иҷро намудани дигар вазифаҳое, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

 

4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАЖУҲИШГОҲ

 

4.1.  Пажуҳишгоҳ ҳуқуқ дорад:

- бо дигар ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои мақсад ва вазифаҳои  оинномавии худ ҳамкорӣ намояд, созишнома ва шартномаҳо ба расмият дарорад;

- бо кормандони соҳаи молия ва дигар соҳаҳо, шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо ҳамкорӣ намояд;

- маълумотро оид ба фаъолияти худ, пас аз мувофиқа бо Мақоми идоракунӣ  дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд;

- дар доираи имкониятҳои худ метавонад сомонаи худро фаъол намояд;

- маблағгузории иловагиро аз ҳисоби сарчашмаҳои манънакардаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳисоби кӯмакҳои молиявии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ташаккул диҳад;

- тибқи тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур, аз ҷумла дар асоси шартномаҳо, ба  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматҳо ва иҷрои корҳоро пешниҳод намояд;

- дар мувофиқа бо Муассис ва Мақоми идоракунӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамуда метавонад аз ташкилотҳои қарзӣ қарз гирад, молу мулк (манқул ва ғайриманқул) харидорӣ намояд;

- барои пешбурди фаъолият метавонад маводҳои конселярӣ, хоҷагидорӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоти хориҷӣ, техникӣ, воситаҳои нақлиёт,  технология, ашё, ашёи хом ва дигар маводу маҳсулоти барои Пажуҳишгоҳ ва беҳбудии кормандонаш заруриро бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ намояд;

- дар татбиқи барномаҳои илмии аспирантон, докторантон, ходимони илмӣ ва  омӯзгорон иштирок намояд;

- дар гузаронидани тадқиқоти илмӣ-методӣ, инчунин конфронсҳо ва симпозиумҳо иштирок намояд;

- Пажуҳишгоҳ пешниҳоди машваратро дар раванди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти илмӣ- тадқиқотӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишварро тавассути шартнома ба роҳ монад;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур пешбинӣ намудаанд,  амалӣ намояд.

4.2.           Пажуҳишгоҳ уҳдадор мебошад;

- фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ намояд;

- дастуру супоришҳои  Муассис ва Мақоми идоракуниро ба иҷро расонад;

- оид ба фаъолият ба Муассис ва Мақоми идоракунӣ ҳисобот пешниҳод намояд;

- аз рӯи уҳдадориҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар бошад;

- уҳдадориҳои дигареро, ки дар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда шудаанд,  иҷро намояд.

 

5.      ИДОРАКУНИИ ПАЖУҲИШГОҲ

 

5.1. Мақоми олии идоракунии Пажуҳишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Муассиси Пажуҳишгоҳ баромад намуда, Мақоми идоракунии Пажуҳишгоҳ - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Муассис амалӣ намудани ҳуқуқҳои Муассисро таъмин менамояд.

5.2. Мақоми идоракуниии Пажуҳишгоҳ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Пажуҳишгоҳро муайян менамояд;

- фаъолияти Пажуҳишгоҳро назорат карда, ба асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои он шинос мешавад;

- сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Пажуҳишгоҳро  тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- ҷадвали басти вазифаҳо ва музди меҳнати кормандони Пажуҳишгоҳро муқаррар ва тасдиқ менамояд;

- директори Пажуҳишгоҳро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки Муассис ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Мақоми идоракунии Пажуҳишгоҳ мансуб донистааст, ҳал менамояд.

5.3.  Ба фаъолияти ҷории Пажуҳишгоҳ– Директор роҳбарӣ мекунад, ки чун мақоми иҷроияи Пажуҳишгоҳ баромад менамояд. Директор бо фармоиши  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

5.4.  Ҳуқуқҳои  Директори Пажуҳишгоҳ:

- аз номи Пажуҳишгоҳ бе ваколатнома баромад намуда,  роҳбарии фаъолияти онро саривақт таъмин мекунад;

- дастуру супоришҳои Муассис ва Мақоми идоракунии Пажуҳишгоҳро иҷро мекунад;

- маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки Пажуҳишгоҳро тибқи тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ намуда, барои истифодаи мақсаднок ва самаранокии он масъулияти шахсӣ дорад;

- Пажуҳишгоҳро дар муносибат бо шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ ва намояндагӣ мекунад;

- дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ менамояд;

- аз рӯи талабот ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибиро ба Мақоми идоракунӣ пешниҳод мекунад;

- нақшаи кории кормандонро тасдиқ менамояд;

- кормандони Пажуҳишгоҳро (сармуҳосибро дар мувофиқа бо Мақоми идоракунӣ) тибқи тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомиро меандешад;

- ваколатномаҳо медиҳад, ҳуҷҷатҳои пулию бонкӣ, ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро имзо мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ фармоиш ва қарор қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои кормандон ҳатмӣ мебошад;

- аз номи Пажуҳишгоҳ нисбат ба шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти судӣ шикоят ва даъво пешниҳод менамояд;

- фаъолияти Пажуҳишгоҳро ба нақша гирифта, сохтори ташкилии онро муайян ва шароити мусоиди меҳнатии кормандонро таъмин менамояд;

- аз номи Пажуҳишгоҳ шартномаҳо ва созишномаҳои дахлдорро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасонад;

- кормандонро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, курсҳои такмили ихтисос, сафарҳои хизматии дохилӣ ва хориҷӣ тибқи тартиби муқарранамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мекунад;

- дастурамал оид ба ташаккул ва истифодаи маблағҳои махсуси Пажуҳишгоҳро дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Пажуҳишгоҳ мухолифат намекунанд, амалӣ намояд;

- барои иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи Пажуҳишгоҳ вогузоршударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур масъулияти шахсӣ дорад.

5.5. Пажуҳишгоҳ ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ метавонад мақоми машваратии Шӯрои олимони худро дошта бошад.

5.6. Шӯрои олимони Пажуҳишгоҳ интихобӣ буда, Раисии онро директори пажӯҳишгоҳ (аз рӯи вазифа) ба ӯҳда дорад. Шумораи аъзоёни шӯрои олимон тоқ буда, аз ҳисоби кормандони пажӯҳишгоҳ, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказии вазорати молия, олимону кормандони собиқадори соҳаи молияву бонкдорӣ метавонанд интихоб шаванд.

5.7. Раиси шурои олимони Пажуҳишгоҳ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зарурӣ  ҳайат ва шумораи аъзои шӯрои олимонро тағйир диҳад.

5.8. Ташкили фаъолияти шӯрои олимони Пажуҳишгоҳ бевосита ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Раиси шӯрои олимони Пажуҳишгоҳ номзадии котиби илмии шурои олимонро аз зумраи аъзои шӯрои олимон барои интихоб ба ҳайси котиб пешниҳод менамояд.

5.9. Шакли асосии фаъолияти шурои олимон ҷаласаи он дониста мешавад. Ҷаласаҳои шурои олимон ҳамон вақт баргузоршуда эътироф мегардад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои шурои олимон дар ҷаласа ҳузур дошта бошанд.

5.10. Қарори шӯрои олимон ҳамон вақт эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад, ки агар аз нисф зиёди аъзои шӯрои олимони дар ҷаласа ҳузурдошта (аз 50% зиёд) оид ба қабули он мусбӣ овоз диҳанд.

5.11.  Ваколатҳои шурои олимон:

- нақшаи кори шӯрои олимонро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ менамояд;

- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Пажуҳишгоҳ  таклифҳо пешниҳод мекунад;

- самтҳои асосии амалӣ намудани фаъолияти таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалро муайян менамояд;

- масъалаҳои такмили идоракунии Пажуҳишгоҳ, аз ҷумла, ташкил ё барҳамдиҳии воҳиди сохториро мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Пажуҳишгоҳро баррасӣ мекунад;

- стратегияи рушди Пажуҳишгоҳ, нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажуҳишҳои илмӣ - тадқиқотиро барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат баррасӣ карда, тасдиқ менамояд;

- номзадии кормандонро барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ ва тавсия медиҳад;

- масъалаҳои тайёр намудан, такмили ихтисос, табодул ва ҳавасмандкунии кадрҳоро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура, постдокторантура ва гузаронидани кормандон ба вазифаи ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад;

- ҳисоботи директори Пажуҳишгоҳ ва воҳиди сохториро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои муҳимми фаъолияти Пажуҳишгоҳро, ки аз ҷониби директор пешниҳод мегардад, баррасӣ ва муҳокима мекунад;

- масъалаҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  баррасӣ қарор медиҳад.

5.12. Ҷаласаҳои шӯрои олимони пажуҳишгоҳ ҳар семоҳа як бор доир гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад, ҷаласаҳои ғайринавбатӣ баргузор карда шавад.

 

6. СОХТОРИ ПАЖУҲИШГОҲ

 

6.1.  Пажуҳишгоҳ сохтори худро муайян намуда, дар мувофиқа бо Мақоми идоракунӣ онро  тасдиқ менамояд.

6.2. Сохтори Пажуҳишгоҳ иборат аст аз:

-         Директор;

-         муовини Директор;

-         сармуҳосиб;

-         котиби илмӣ;

-         мутахассиси соҳаи кадр, ҳуқуқшинос;

-         шуъбаи “Банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ”;

-         шуъбаи “Таҳлили иҷроиши буҷет ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромадҳои давлатӣ”;

-         шуъбаи “Рақамикунонии муҳосибот, ҳисобдорӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ”;

-         ҳайати хизматрасон ва техникӣ.

6.3.  Таъсис, тағйир ва барҳам додани сохтор аз тарафи Пажуҳишгоҳ дар мувофиқа ба Мақоми идоракунӣ амалӣ карда мешавад.

6.4. Сармуҳосиби Пажуҳишгоҳ фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба амал бароварда, ба Директори Пажуҳишгоҳ  тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

 

7. МОЛУ МУЛКИ ПАЖУҲИШГОҲ

 

7.1.  Пажуҳишгоҳ чун муассисаи давлатӣ нисбат ба ашё ва дигар молу мулк ҳуқуқи идораи оперативиро доро мебошад.

7.2. Сарчашмаҳои молу мулки  Пажуҳишгоҳ аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Пажуҳишгоҳ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешаванд.

7.3. Молу мулки Пажуҳишгоҳ аз молу мулке, ки Муассис ва Мақоми  идоракунӣ ба он ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ пешниҳод намудааст, инчунин маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ бадастомадаи Пажуҳишгоҳ, саҳмгузории ихтиёрӣ ва кӯмакҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иборат мебошанд.

7.4. Пажуҳишгоҳ ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсадҳои фаъолияти худ соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдориро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд

 

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ


8.1.  Тағйиру ва иловаҳо ба Оинномаи мазкур  бо фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

8.2. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Пажуҳишгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.


        8.3. Дар дигар ҳолатҳое, ки дар Оинномаи мазкур дарҷ карда нашудаанд, Пажуҳишгоҳ дар раванди фаъолияти худ муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.   

Ҳуҷҷатҳо (PDF / Word)

СОМОНАҲОИ МУФИД